Гузоришгари хоси СММ дар умури ҳуқуқи башар Фионнуала Ни Аолайн зимни сафари даҳрӯза ба Ӯзбекистон бо президент Шавкат Мирзиёев ва вазири хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дидору мулоқотҳо анҷом дод. Баъд барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор кард.

Тавре ки дар ҷараёни ин нишасти хабарӣ қайд гардид, дар ин мулоқотҳо масъалаҳои  мустаҳкам намудани мавқеи институтҳои шаҳрвандии иҷтимоӣ, занону духтарон ва ҷавонон, инчунин такомули қонунгузориҳо ва амсоли он матраҳ гардиданд.

Фионнуала Ни Аолайн гуфт, ки чорабиниҳои хоси ҳукумати Ӯзбекистонро барои ба ватан баргардонидани занону кӯдакони зиёд аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ Ӯзбекистон бо пиёда кардани амалиёти вижаи “Меҳр” аз моҳи майи соли 2019 то кунун садҳо нафар занону кӯдаконро аз майдонҳои таҳти ҷангу набардҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ба ватанашон баргардонид ва ҷиҳати реабилитатсия намудани онҳо хеле мусоидат намуд.

– Дар лагерҳои шимолу шарқи Сурия ҳазорҳо нафар занону кӯдакон ба ҳабс гирифта шудаанд. Мутахассисони СММ бар ин боваранд, ки занону кӯдакон мавриди зӯроварӣ ва фишор, истеъмор, таҳқир ва амсоли он қарор гирифтаанд.  Ин ҳолат, бино ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бе ҳимоя мондан ва беҳуқуқии онҳо, мавриди шиканҷа қарор гирифтан ва муносибатҳои бешафқатона ва ғайриинсонӣ нисбати онҳоро мефаҳмонад.

Вай афзуд, ки аз мақомот даъват кард чорабиниҳои бештарро барои озодии баён, озодии гирдиҳамоӣ, барқарори адолат, ҳимояи ашхосе, ки аз озодӣ маҳрум гаштаанд, парҳезкорӣ аз истифодаи шиканҷа, фароҳам овардани озодии дин ва эътиқод пиёда кунанд.

Мавсуф инчунин тазаккур дод, ки зимни ташриф қонунҳои мубориза ба муқобили терроризм  ва ифротгароиро мавриди омӯзиш қарор дод ва бар ин назар аст, ки як қатор моддаҳои кодекси ҷиноӣ боя ислоҳ металабанд. Ба гуфтаи Аолайн барои ба ҳуқуқ ва стандартҳои байнмилмилалӣ  мувофиқат намудани қонунгузориҳо ворид кардани баъзе дигаргуниҳо ногузиранд.

Гуфта шуд, тавсияҳои гурӯҳи кории FATF –  созмони байниҳукуматӣ, ки сиёсатҳо ва стандартҳоро барои мубориза бо ҷинояҳои молиявӣ таҳия ва пешбарӣ менамояд, бояд мадди назар гирифта шаванд, зеро он ба қонунигардонии даромадҳо аз фаъолиятҳои ҷиноӣ, маблағгузории терроризм ва таҳдиди системаҳои молиявӣ нигаронида шудаанд.

Бино ба тавсияҳои Фионнуала Ни Аолайн бояд механизмҳоеро офарид, ки  ба бартараф намудани шиканҷа ва камситоии ашхосе мусоидат кунанд, ки бо ҷурми таҳдид ба амнияти миллӣ муҷозот шудаанд ва ҳуқуқи онҳо риоя шавад.

Гузоришгари хоси СММ дар умури ҳуқуқи башар гуфт, аз тарафи ҳукумати Ӯзбекистон бартараф шудани стигматизатсия, таъмини ҳуқуқҳои асосӣ, аз ҷумла, ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қобили ситоиш мебошад. Вай афзуд, ки ин ҳукумат бо ЮНИСЕФ ва ташкилотҳои дигари ҳуқуқи башари СММ , мисли Комиссариаи олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз наздик ҳамкорӣ менамояд.

Ба таъкиди Аолайн Ӯзбекистон барои аз майдонҳои ҳарб ба ватан баргардонидани занону кӯдакон аз модел ё тарзи хоси худ истифода намудааст ва, бидуни иштибоҳ, ин модел барои ҳукуматҳои дигар ҳамчун намуна ба сифати харитаи роҳ метавонад корбаст шавад, то ки аз минтақаҳои таҳти ҷанг шаҳрвандони худро ба ватанашон баргардонанд.

Фионнуала Ни Аолайн дар посух ба суоли мухбири “Фараж” дар бораи он ки зимни ба кор истихдом намудани кадрҳо барои шӯъбаҳои гуногуни намояндагиҳои СММ, воқеъ дар кишварҳои гуногун оё ба фасодкорӣ роҳ намедиҳанд, чунин гуфт:

– Ҳарчанд ҷавоби ин суол аз доираи ваколати ман берун аст, аммо ба сифати коршиноси масъалаҳои байналмилалии СММ бо итминон гуфта метавонам, ки ин ҷараён дар СММ хеле шаффоф мебошад. Дар тамоми дунё талабот якранг аст ва зимни ба кор истихдом шудани худам бовар ҳосил кардаам, ки он як раванди шаффоф, аммо дурударозро ташкил мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь