Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода бо сабаби ба сини нафақа баромадан аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Анзурат Абдусаломзода таъин карда шуд.
Анзурат Абдусаломзода то таъин шудан ба ин мансаб муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд. Ӯ тибқи қарори раиси вилоят сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таъин гардид.
Собиқ сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа озод шуда, аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Блоки рекламавӣ