Аҳли ҳунари синамои Тоҷикистон 1 октябр дар чаҳорчӯби Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамои Тошканд баъди боздид аз майдони “Регистон” дар Маркази тиҷорати “Ӯзбегим”-и шаҳри Андиҷон хеле гарм истиқбол гирифта шуданд.

Мизбонон ба меҳмонон гулдастаҳои тару тоза тақдим намуданд. Зери садоҳои дафу доира ва карнай онҳо вориди толори барҳавои ин маркази тиҷорат шуданд.

-Мо аз ташрифи шумо, меҳмонони азиз, хеле хурсандем. Фестивали синамои Тошканд боис гардид, ки шумо ба шаҳри зебои мо ташриф оваред. Ин биное, ки шумо ҳузур доред, ғайр аз он ки маркази тиҷорат мебошад, инчунин ба тафреҳгоҳи мардуми шаҳри мо ва меҳмонони он табдил ёфтааст, гуфт яке аз мизбонон.

Аз меҳмонон Сафар Ҳақдодов дар бораи он ҳарф зад, ки ҳайати Тоҷикистонро ин ҷо кадом чеҳраҳои маъруфи ҳунари синамои кишвараш ташкил мекунанд. Вай афзуд, ки синамогарони тоҷик дар фестивали Тошканд бо якчанд дастовез ташриф овардаанд.

-Мо аз ин пазироии шумо хеле сарфарозем. Аз қадим мардуми тоҷику ӯзбек боҳам дӯсту бародаранд. Ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 ин анъанаҳои нек дубора аз сар гирифта шуданд. Дар миёни синамогарони ду кишвар низ ҳамкориҳо беш аз пеш вусъат ёфтаанд,-изҳор намуд Сафар Ҳақдодов.

Дар идомаи ин ташриф барои тамошобинон яке аз филмҳои синамогарони тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Толор аз одамон пур шуд ва онҳо бо завқ филмро тамошо карданд.

Меҳмонони тоҷикистонӣ аз тарафи шом озими шаҳри Фарғона шуданд. Дар пеш онҳоро боз истиқболгирии гарму ҷӯшон ва анҷоми дидору мулоқотҳо мунтазир буд.

Дар саҳни Маркази маънавияту маърифати Округи шарқии низомӣ, ки қаблан ба номи кинотеатри “Нурхон”-и шаҳри Фарғона ёд мешуд, маросими бошукӯҳи истиқболгирии синамогарони тоҷик ба вуқӯъ пайваст.

Ноиби ҳокими вилояти Фарғона Хуршед Аҳмедов синамогарони тоҷикро ба шаҳри Фарғона хайрамақдам гуфт ва иброз намуд, ки ин ташрифи онҳо идомаи анъанаҳои дӯстиву рафоқати миёни мардуми ду кишвари ҳамҷавор мебошад.

-Хеле аз пазироии гарми шумо, мизбонони арҷманд мо хушҳол ҳастем. Мардуми водии Фарғона хеле меҳмондӯст ва меҳмоннавоз мебошанд. Фикр мекунам, ки ин дидору мулоқотҳои мо бо мардуми шаҳри Андиҷон ва тамошои ҷойҳои таърихии он дар аъзои ҳайати мо таассуроти хеле хуб боқӣ мегузоранд,-гуфт директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён.

Вай афзуд, ки дубора анъанаҳои зиёд эҳё мегарданд ва яке аз он баргузории рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мебошад.

-Ин дидору мулоқотҳои мову шумо маҳз ба туфайли иродаи сарварони ду давлат рӯи кор омадааст.Роҳи тайкардаи ҳамватани мо-Комил Ёрматов баъди омадан ба Фарғона куллан тағйир ёфтааст. Баъдтар вай ба ҳайси яке аз асосгузорони синамои тоҷику ӯзбек дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ шудааст. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шуморо ба муносибати баргузории Фестивали байналмилалии синамои Тошканд, ки бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ шудааст, табрик мегӯям,-тазаккур дод Маҳмадсаид Шоҳиён.

Вай боз илова кард, ки ба Ӯзбекистонин бор якчанд филм овардаанд, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудаанд ва умедвор аст, писанди ҳамагон мегардад.

Сайрам Исоева низ аз истиқболи мизбонон ибрози қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки ҳатто дар солҳои баста будани марзҳо низ вайро барои иҷрои нақшҳо ба Тошканд даъват мекарданд. Барои ҳамин рамзи Гурдофариди тоҷик дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ шӯҳрати калон пайдо кардааст, ки хеле шукр мегузорад.

-Мо барои шумо нақш меофарем. Агар ин нақши иҷрокардаи мо дар замири қалби шумо маъво пайдо кунад, барои мо бахти калон аст,-гуфт Сайрам Исоева.

Наворбардори тоҷик Заур Дахте, ҳунармандони театру синамо Қурбон Собир, Моҳпайкар Ёрова, Зулфия Содиқова, Муҳаббат Сатторӣ, Ҳошим Раҳим, Сафар Ҳақдод, Далер Раҳматов ва дигарон аз ширкат дар ин фестивал ибрози хушҳолӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо минбаъд ҳамкориҳои синамогарони тоҷик бо  кинематографистони ӯзбек беш аз пеш доман фарох хоҳанд кард.

Дар поёни ин мулоқот филми “Рақси зиндагӣ”-и Далер Раҳматов ба иштирокчиёни он намоиш дода шуд.

Баъд меҳмонони тоҷикистонӣ ба шаҳри Марғелон омаданд ва аз Маркази ҳунармандони ин шаҳр боздид намуданд. Дар ин марказ, ки корхонаи калони атласу адрасбофӣ низ дорад, меҳмонон бо ҷараёни кори атласу адрасбофии занону духтарон аз наздик ошно шуданд.

Дар идомаи сафари худ синамогарони тоҷик ба шаҳри Риштон ташриф оварданд ва бо кулолони ин шаҳр вориди мулоқотҳои хотирмон шуданд.

Сафари ҳайати меҳмонони тоҷикистонӣ ба вилояти Фарғона бо ҳамин ба анҷом расид. 3 сентябр онҳо ба Тошканд бармегарданд ва дар маросими пӯшиши Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамои Тошканд ширкат мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”,

Тошканд-Андиҷон-Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь