Дар муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз 16.03 то 03.04.2023 курси такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони русӣ гузаронида шуд.

Роҳбари гурӯҳи забон ва адабиёти рус Мамадшо Мадвафоев зикр намуд, ки “бо мақсади омӯзиши махсуси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ва ташкили имкониятҳои таълимии иловагӣ барои доираи васеи шунавандагон, таъмин ва такмили системаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаҳои асосии донишкадаи мазкур ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон дониши худро дар ин дарбори илму маърифат сайқал медиҳанд”.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бахшида ба Наврӯз дар толори маҷлисгоҳи донишкада гурӯҳҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, алифбои ниёгон ва дигар гурӯҳҳо низ бо барномаҳои таҳиянамудаи худ баромад карда, табъи ҳозиронро болида сохтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь