Дар меҳмонхонаи “Ҳайят реҷенси” бахшида ба 20-солагии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Меҳмонон ва ҳамкасбон аз давлатҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қиргизистон ва Қазоқистон низ дар он иштирок доштанд. Роҳбарони расонаҳои мустақили кишвар изҳор намуданд, ки АМВАОМТ бо роҳбарии устод Нуриддин Қаршибоев тӯли фаъолияти касбиашон дар ҳалли масъалаҳои зиёди баҳсӣ бо мақомоти интизомию судӣ кӯмаки ҳуқуқӣ расонидаву маслиҳатҳои касбӣ додааст.
Блоки рекламавӣ