Аржантин ва Бразил нақша доранд, ки пули муштарак эҷод кунанд, ки пас аз евро дуввумин пул хоҳад шуд. Мақомоти ин ду кишвар дар нишасти дарпешистода дар Буэнос-Айрес идеяи таъсиси пули муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гузориши рӯзномаи Financial Times (FT), интизор меравад, ки дар пайи ин нишаст намояндагони кишварҳо аз оғози корҳои муқаддамотӣ барои эҷоди як минтақаи нави арз, ки метавонад пас аз минтақаи евро бузаргтарин бошад, эълом кунанд.

Ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо дар назар доранд, дар ин ҳамоиш аз пули ягона, ки sur номида хоҳад шуд, гӯянд ва баҳс кунанд, ки он ба густариши тиҷорати минтақавӣ ва коҳиши вобастагӣ аз доллари амрикоӣ чӣ гуна мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, ташаббускорони иттиҳоди пулӣ ба кишварҳои дигари Амрикои Ҷанубӣ низ пешниҳод кунанд, ки ба онҳо шомил шаванд.

Вазири иқтисоди Аржантин Серҷио Масса дар сӯҳбат бо FT таъкид кардааст, ки барои иҷрои пурраи нақша солҳо лозим аст ва аз Аврупо мисол овардааст, ки барои ташкили минтақаи евро чанд даҳсола лозим буд.

Рӯзнома тахмин мезанад, ки минтақаи нави асъор метавонад тақрибан 5% ММД-и ҷаҳонро ташкил диҳад, дар ҳоле ки минтақаи евро тақрибан 14% ММД-и ҷаҳониро бо доллари ИМА ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои FT, мақомоти Бразил ва Аржантин ғояи таъсиси пули ягонаро чанд сол боз баррасӣ мекунанд, аммо музокироти қаблӣ ба далели мухолифати Бонки марказии Бразил мутаваққиф шуда буд. Аз ҷумла, эътирози Бонки марказӣ метавонад бо мизони баланди таваррум дар Аржантин бошад, ки дар соли 2022-юм 94,8% -ро ташкил дод, ки ин бадтарин нишондод барои кишвар дар 32 соли ахир аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here