Рӯзи шанбе як зодаи Ӯзбекистон дар куштори чаҳор узви хонаводааш, аз ҷумла модараш, дар шаҳри Ню-Йорки Амрико муттаҳам мегардад, ки ин ҳодиса сокинони маҳаллиро ба даҳшат андохтааст.
Нашрияи “New York Post” хабар додааст, ки зодаи 24-солаи Ӯзбекистон 19 июл дар шаҳри Бруклин модар, ҳамсари бародар ва ду ҷиянашро ба қатл расондааст. Кормандони пулиси Ню-Йорк соати 22:20 ҷасади Мавлуда Файзиеваи 56-сола, модари гумонбарро дар манзили зисташ бо захми корд пайдо карданд. Ҷасади Камилаи 5-сола ва Темури 4-сола, бародарзодаҳои гумонбар, аз дохили ҷевон пайдо гардид. Ҳамсоягон нақл кардаанд, ки модаргӯии кӯдаконро шунидаанд. Ҷасади модари кӯдакон Мафтуна Ҳакимова, янгаи қотил, низ дар дохили ҷевон пайдо шуд, ки дар рӯйпуш печонида шуда будааст. Гумонбар, ки эҳтимол бемори равонӣ аст, дар маҳалли ҳодиса боздошт гардидааст. Ба қавли ҳамсоягон “вай шахси даҳшатзада менамуд ва чашмонаш ҳамеша бозӣ мекарданд. Мо аз вай дурӣ меҷустем. Вай шахси калонҷусса буд ва ҳамеша мисли саги девона метофт. Вақтҳои охир вай ҳарф задан бо ҳамсояҳоро бас карда буд ва ҳангоме ба вай салом медоданду ҳол мепурсиданд, ҳамеша мегуфт, ки “бо падараш чизе рух додааст”.
Ҳама кушташудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд, ки дар Амрико мезистанд.