Сафорати Амрико дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми сентябр, 114 ҳазору 660 вояи воксани Pfizer-BioNTech ва 8 яхдон барои нигоҳдории воксан тақдим кард. Гуфта шуд, воксани мазкур аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи механизми COVAX,  ҳамчун ёрии башардӯстона, барои мубориза бо “COVID-19” ба Тоҷикистон ворид гардидааст.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавскӣ пас аз қабул кардани вояҳои воксани Pfizer-BioNTech бо доираи васеи рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир карданд.

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, гуфт, то имрӯз 40 %-и аҳолии аз 18-сола болои кишвар воксан гирифтаанд, ки фарогирии аҳолӣ ба воксан дар Душанбе 99,4%, Бадахшон 60% , Суғд 33,1%, Хатлон 30% ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 30,6%-ро дарбар мегирад.

“Дар Тоҷикистон 62,5%-и аҳолӣ аз 18-сола боло мебошанд, ки 5,8 то 6 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Мо бояд ин шумораи аҳолиро ба воксан фаро гирем”, – гуфт Муҳсинзода.

Сафири Амрико дар Точикистон Марк Поммершайм иброз дошт, ки қаблан ҳам аз Амрико ба Тоҷикистон воксани “Moderna” ворид шуда буд, ки дар умум ҳаҷми воксанҳо 2 миллиону 100 ҳазор вояро ташкил медиҳанд.

Сафир, ҳамчунин, гуфт, пас аз се рӯзи дигар, яъне 23-юми сентябр, боз 210 ҳазору 109 вояи дигари ваксинаи Pfaizer ба Душанбе ворид хоҳад шуд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷкистон гуфтанд, ки вояҳои воксани воридшуда, то муайян гардидани вақти истифодашавиашон, дар яхдонҳои махсуси сардиашон аз 80 дараҷа боло нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь