15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТАмонатбонкба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Бонк ҳамзамон ҳайяти меҳмонон, собиқадори меҳнат, ходими шинохтаи давлатӣ, Низорамоҳ Зарипова ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло баргузор гардид.

Дар оғоз Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. иштирокдорони чорабиниро бо ҷашнҳои воқеан ҳам арзишманду таърихӣ 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Гуфта шуд, ки нақш ва баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ басо арзишманд буда, дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллиро ба миён овард, ки бо саъю ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона гардид.

Сипас муовини сардори Идораи ҳуқуқ Асоева Гулнора, бо ёдоварӣ аз таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз иброз доштанд, ки дар санаи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхуҷаев баргузор гардида, заминаи мусоиде барои рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.

Дар Иҷлосияи таърихӣ, Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI-ум собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.

Дар идома собиқадори меҳнат, ходими шинохтаи давлатӣ, Низорамоҳ Зарипова аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд карданд, ки дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Боиси хушнудист, ки давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло низ ҳамагонро бо ҷашнҳои пурифтихор табрику муборакбод гуфта, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони Амонатбонк дафтарчаҳои ҳизбӣ тақдим намуд.

Дар охири чорабинӣ ба хотири фаъолияти назаррас ва саҳми арзишманд дар ҷодаи фаъолият як зумра кормандон бо Ифтихорномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” сарфароз гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь