9-уми феврал дар бинои КВД ба ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар  нишаст раиси Раёсати  “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон натиҷаҳои фаъолияти бонкро дар соли 2024 шарҳ дод.

– Амонатбонк фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қарор “Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “, «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ба роҳ мондааст, – гуфт Салимзода Алиҷон.

Ӯ таъкид кард, сармояи бонк ба 990 миллион сомонӣ расидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2023 15% зиёд мебошад.

– Ин нишондиҳанда аз устувории молиявии бонк ва афзоиши эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳад. Мо талош дорем, ки минбаъд низ фаъолияти худро ба талаботи замон мутобиқ созем ва ба мизоҷон хизматрасонии босифатро пешниҳод кунем”, – зикр кард раиси раёсати “Амонатбонк”.

Ба гуфтаи ӯ дар соли 2024 фоидаи умумии бонк ба 140 миллион сомонӣ расидааст, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 8,4% зиёд мебошад.

– Амонатбонк бо истифода аз стратегияҳои самарабахши идоракунӣ ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои рақобатпазир тавонист дар соли 2024 нишондиҳандаҳои баланди молиявӣ ба даст орад.  Мо таъмин кардани бозори молиявии кишварро бо имкониятҳои нав идома медиҳем”, – афзуд ӯ.

Яке аз самтҳои муҳими рушди Амонатбонк дар соли 2024 гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ буд. Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонк ба 2,2 миллион нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 2,5% зиёд мебошад.

– Мизоҷони мо бештар ба пардохтҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо мақсади беҳтар кардани хизматрасонӣ,  имкониятҳои нави пардохтҳои мобилиро ҷорӣ ва шабакаи терминалҳои бонкиро васеъ кардем,  – гуфт Раиси раёсати Амонатбонк.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ роҳбари бонк таъкид кард, Амонатбонк дар оянда низ кӯшиш хоҳад кард, ки бо пешниҳоди хизматрасониҳои наву муосир ва афзоиши эътимоди мардум, нақши худро дар рушди низоми бонкии кишвар боз ҳам устувортар гардонад.

Шаҳзода Дилшодзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь