15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ раиси Раёсати Бонк Салимзода А.А., муовини раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, аҳли кормандон ва устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов иштирок доштанд.

Нахуст роҳбарияти Бонк ҳозиринро бо санаҳои воқеан таърихӣ ва фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат кардааст.

Дар идома устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Давлатшоҳ Маҳмудов ба сухан баромада, қайд кард, ки таърихи халқи тоҷик саҳифаҳое дорад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар сарнавишти миллати мо нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Яке аз ин саҳифаҳои дурахшон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субботи сартосарӣ дар мамлакат ва сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами хеш аз 32-юмин солгарди ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш таҷлил менамоянд.

Дар анҷом иброз гардид, ки ҳамакнун тавассути хиради азалӣ, иродаи матин, эҳсоси дурандешиву ояндабинӣ ва истеъдоди баланди давлатдории Пешвои миллат, дар кишвари мо тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳандозӣ гардида, мардуми кишвар дар фазои амну суббот рӯзгори хушу босаодатро паси сар менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь