19-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ С.С., муовини раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ВМКБ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар оғози ҷаласа сухан ронда, доир ба фаъолияти филиалҳо ва МХБ-ҳои ВМКБ фикру мулоҳизаҳои худро баён кард.

Роҳбарияти Бонк дар ҳар вохурии хеш бо кормандони филиалҳо ва МХБ-ҳо пайваста таъкид мекунанд, ки фарҳанги волои одобу муошират қатъиян бояд риоя карда шуда, сатҳи баланди хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби кулли кормандон ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки доир ба рушд бахшидани низоми ғайринақдии пардохт, пайваст кардани корти ҳар мизоҷи Амонатбонк ба смс-паёмак ва ба барномаи мобилии “Амонат-мобайл” корҳо вусъат дода шаванд.

Яке аз воситаи хуби назорати амалиётҳои кортӣ аз ҷониби худи дорандагони корт ин пайваст гардидани мизоҷон ба СМС паёмак мебошад. Аз ин рӯ барои бархӯрдор будани мизоҷони Бонк алалхусус нафақахӯрон аз ин хизматрасонӣ кормандони Бонкро мебояд вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи худро равона намоянд. Ҳамзамон оиди тарзи дурусти истифодабарии барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва анҷом додани амалиётҳои гуногун тавассути он ҳар як мизоҷи Бонк бояд бархӯрдор бошад.

Дар ҷаласа сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек низ баромад намуда оиди натиҷаи фаъолияти 5 моҳаи филалиҳо ва МХБ-ҳи ВМКБ ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки ба ҳолати имрӯза 9 филиал ва 40 адад марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” ба мардуми ВМКБ хизматрасонии босифат ва зарурии бонкиро пешниҳод менамоянд.

Ҳамзамон тамоми марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд аз ҷумла компютер ва пост терминалҳо. Дар филилҳо ва МХБ-ҳои ВМКБ ҳамарӯза ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ расонида мешавад. Аз қабили интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳамагуна амалиётҳои бонкӣ, амалиётҳои хазинавӣ, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар охири ҷаласа маркази хизматрасонии бонкии №594-и филиали №67-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Хоруғ, маркази хизматрасонии бонкии №596-и филиали №68-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Дарвоз ва маркази хизматрасонии бонкии №621-и филиали №73-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Роштқалъа барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонтабонк” бо Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь