24 июн раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» С.С. Икромӣ бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug), аз ҷумла роҳбари Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» ҷаноби Михаил Бэк мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ нақшаҳои ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи Лоиҳаи мазкур баррасӣ гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки мақсади асосии Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон»-и Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) ин дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ буда, Амонатбонк ҳамчун шарики боэътимод дар ин самт ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.