Барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор намудани чорабинӣ оид ба ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week -2022), БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Сипосномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Боиси қайд аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молия дар ноҳияи Восеъ ва Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки доираи васеъи муҳассилини мактаби миёна, ҷавонону наврасон, муштариёни Бонк ва мутахассисони Амонатбонк чорабинӣ баргузор гардид.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонону наврасон, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оиди   хизматрасониҳои бонкӣ ва дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь