17 феврали соли 2023 раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С. бо роҳбари намояндагии Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) Инна Мазур мулоқоти дуҷониба баргузор кард.

Зимни мулоқот, масъалаи оғози фаъолияти муштарак барои амалї намудани лоиҳаи нави минтақавии «Ташаккули иҷтимоию экологии тиҷорати хурду миёна дар деҳот ва хизматрасониҳои устувори молиявӣ дар Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Украина, инчунин беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, муносиб кардани раванди қарздиҳӣ ва пешниҳоди маҳсулотҳои нави бонкӣ баҳри мизоҷон, ва инчунин табодули таҷриба дар доираи лоҳаи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки дар соли 2022, Амонатбонк барои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар деҳот, хусусан ба занҳои соҳибкор, қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Занҳои муваффақ» амалї намуд, ва омодааст, ки дар татбиқи лоиҳаи нав ҳамкориро бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) густариш диҳад.

Дар маҷмўъ вохўрӣ дар фазои дўстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь