Истифодабарандагони барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ба зиёда аз 994 ҳазор нафар расид. Тавассути барномаи мобилии мазкур дар баробари тафтиши суратҳисоб, пардохти зиёда аз 700 намуди хизматрасонӣ ройгон аст. Дар ин бора аз маркази матбуоти “Амонатбонк” итилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дорандагони кортҳои пардохтии “Амонатбонк” бошад, то имрӯз зиёда аз 2 миллиону 205 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз ин шумора зиёда аз 92% ба хизматрасонии смс – паём пайваст мебошанд.
“Ин шаҳодат аз он аст, ки шумораи зиёди мизоҷони “Амонатбонк” ба назорати суратҳисоби худ тавассути телефони мобилӣ дастрасӣ доранд”,-гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки тамоми кортҳои пардохтии “Амонатбонк” ба хизматрасонии смс – паём пайваст буда, ҳангоми ворид гардидани маблағ ба суратҳисоб ба мизоҷон ба таври ройгон смс – паём ирсол карда мешавад.
Ба ғайр аз банкомат тафтиши суратҳисоби корт тавассути смс – паём ва барномаи мобилии “Амонат-мобайл” низ ба таври ройгон имконпазир аст.
“Мизоҷон метавонанд дар равзанаи смс – паёми телефони мобилии худ калимаи Balance ва чор рақами охири корташонро навишта, ба рақами 5151 ирсол намоянд. Намуна: (Balance 9872) сипас ба мизоҷ тариқи смс бақияи суратҳисоб дастрас мегардад”-гуфтанд аз бонк.
Ба таъкиди манбаъ, бо истифода аз хизматрасониҳои болозикр зарурат ба тафтиши суратҳисоб тавассути банкомат аз байн меравад. “Ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пеш аз тафтиши суратҳисоб тавассути банкомат дар равзанаи он навиштаҷот ҳатман пайдо шуда, мизоҷро оиди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ хабардор мекунад.