Дар МТМУ рақами 32- и ба номии Абдулғанӣ Мирзоеви деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ба хотири гиромидошт ва 60-солагии собиқ хатмкардаи ин мактаб ва иштирокчии набардҳои Афғонистон шодравон Барот Шеров ҳамоиш баргузор гардид.
Ҷамъомади мазкур бо ибткори Шӯрои ҷанговарони интернасионалист ва роҳбарияти мактаб созмон ефта ,дар он устодону шогирдон, падару модарон ҷанговарони набардҳои Афғонистон ширкат доштанд.
Ҷамъомадро роҳбари тарбияи муассиса Қамариддин Муҳаммадиев оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам намуд. Сипас, иштирокчии набардҳои Афғонистон Шоҳин Облоқулзода дар бораи ҷангҳои кишвари афғонистон дар солҳои 1979—1989 ва иштироку хидматҳои сарбозону афсарон дар ин ҷангҳо, ба вижа марҳум Барот Шеро,в қиссаҳо намуда ёдовар шуд, ки ин родмарди Ватан дар он солҳо корномаҳои хуби ҷангӣ нишон дода, барои ин хидматҳояш сазовори чандин ордену медалҳо гардидааст. Дар идома хонандагони мактаби мазкур дар бораи Ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу буми он ва хатмкардаи мактабашон Барот Шеров шеъру ҳикоя ва қиссаҳо хонданд.
Дар ҳамоиш собиқ муншии аввали ҳизби коммунист дар шаҳри Панҷакент Боймурод Шоев, шоир Сайидалии Мазорӣ ва ақориби шодравон Барот Шеров аз боби ҷасорату корнамоиҳои марҳум суханронӣ карданд.
Ҷамъомадро раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист анҷом бахшида, нисбати ҳамяроқи худ шодравон Барот Шеров хотироташро баён кард ва ба роҳбарияту аҳли МТМУ 34-и деҳаи Амондара барои ташкили чунин як чорабинии хубу тарбиявӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Баъди адои чорабинӣ гуруҳи ҷанговарони интернатсионалист ҳамроҳи устодони мактаб ба хонаи шодравон Барот Шеров рафта, бо аҳли хонадони марҳум вохурӣ ва ба хотири шод намудани руҳи сарбози ҷангҳои Афгонистон Барот Шеров пораеро аз Қуръони маҷид қироат карданд.
Дар ҳамин ҳол, мутаассифона, дар чунин як ҳамоиши тарбиявию меҳандустӣ на намояндагони ҳукумат ва на маорифи шаҳр, агарчӣ расман даъватӣ будаанд, ширкат накарданд.
Шоҳини Равшан