8 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея форуми рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Корея баргузор гардид.

Бо мақсади табодули рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни соҳибкорони Тоҷикистону Корея, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти  Канвондои Ҷумҳурии Корея сафар намуданд, ки муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам Раҳим низ ширкат дошт. Дар доираи сафар мулоқоти намояндагони ҷумҳурӣ бо губернатори вилояти  Канвондои Корея Ким Чин Те доир гардид. Бо мақсади шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон муаррифӣ гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди ҳамкориҳои соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар охир, муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам Раҳим губернатори вилояти  Канвондоро ба вилояти Хатлон даъват кард.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь