Варзишгарони ноҳияи Ҳамадонӣ дар мусобиқаи байналмилалии каратэ дар Ӯзбекистон се медал ба даст оварданд.
Аз 26 то 29 апрели соли 2025 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии каратэ баргузор гардид, ки дар он варзишгарони зиёда аз даҳ кишвар ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд, дастаи варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҳамадонӣ низ ширкат карда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Дастпарварони ин муассиса тавонистанд соҳиби се медал – як тило, як нуқра ва як биринҷӣ шаванд, ки нишонаи омодагии ҷиддӣ ва сатҳи баланди маҳорати онҳо мебошад.
Блоки рекламавӣ