Чанде пеш бар асари як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чор нафар ҷон дода, ду каси дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Як манбаъ аз ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дод, рӯзи 22 январи соли 2023 дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди байни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, ду каси дигар захмӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки як мошини тамғаи «Hyundai», ки аз ҷониби як сокини 26-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст, ки далелаш аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда будааст. Бар асари ин ҳодиса ронанда ва се мусофири ин мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шудаанд.