Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 3-юми октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 709 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати 3-рӯз бо асъори хориҷии доллари амрикоӣ иваз карда, баргардонида медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 18-уми октябри соли 2022, ба боварии марди 53-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, аз ӯ 120 ҳазору 940 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар мудати 3-рӯз онҳоро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро барнагардонида ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора аз Раёсати ВКД вилояти Хатлон хабар доданд.
Мавлуда Гулова, Фараж