Баъд аз се ҳафтаи масдудшавӣ, инак ширкатҳо паи ҳам хабар доданд, ки  фаъолияти хизматрасонии мобилии NGN (Next Generation Network – Шабакаи насли баъдӣ)-ро дубора фаъол карданд.  Дар ин бора нахуст масъулини ширкати «Билайн» рӯзи 8 январ аз дубора фаъол шудани нармафзори «Салом» хабар дода, ба расонаҳо иброз доштанд, ки «Салом» низ як навъе аз хадамоти NGN ба шумор меояд.

Масъулини ширкати «Билайн» ҳатто аз муштариёнашон бинобар қатъи муваққатии ин намуди хизматрасонӣ, ки бо дастури Хадамоти алоқа баста шуда буд, узр пурсид. Нимаи дуюми рӯзи 9 январ намояндагони ширкати «Телеком Технолоҷӣ» низ расман гуфтанд, ки хизматрасонии NGN баъди иҷозат гирифтан аз Хадамоти алоқа барои муштариёнашон дубора имконпазир шудааст. Ба қавли онҳо NGN-и ширкати «Телеком Технолоҷӣ»  чун пештара ҳам дар IP-суроғаҳои маҳалӣ ва ҳам хориҷӣ фаъол аст ва муштариён метавонанд дар дохилу хориҷ аз он истифода баранд. Акнун барои муштариёни ин хизматрасонӣ NGN тариқи ширкати мобилии Tcell низ дастрас аст. Масъулини ширкатҳои мазкур ба «Озодӣ» иброз доштаанд, ки барои ба кор даромадани алоқаи NGN муштариён бояд нармафзорро аз нав боргирӣ (download ё update) ва ба телефонашон сабт кунанд, то ки NGN фаъол шавад.

Вале дар сӯҳбат бо «Фараж» аз дафтари матбуоти ширкати «Вавилон-Т» иброз доштанд, ки онҳо ҳанӯз хизматрасонии NGN-ро фаъол накардаанд ва мунтазири дастури Хадамоти алоқаянд.

Хотиррасон мекунем, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр иҷозатномаи 10 ширкати мухобиротиро барои фароҳам овардани хадамоти телефонии NGN бозхонд карда буд, вале ҳанӯз се рӯз пеш аз ин қарор, яъне 15-уми декабр ба дари Маркази хизматрасониёни ширкати «Вавилон-Т» мӯҳр зада, талаби қатъи хизматрасонии NGN-ро карда буд.

Инак, чун Хадамоти алоқа барои фаъол намудани хизматрасонии  NGN-и дигар ширкатҳо иҷоза додааст, муштариёни «Вавилон-Т» низ интизоранд, ки ин хизматрасонӣ фаъол хоҳад шуд. Овозаҳое низ ҳастданд, ки ҳадафи асосии Хадамоти алоқа маҳз бастани NGN-и  «Вавилон-Т» будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here