Муовини командири баталиони техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович бар ивази ҷони худ ҳамдеҳагон ва молу амволи онҳоро аз коми оташ наҷот дод.

Номбурда ҳангоми дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом дар рухсатии меҳнатӣ будан, баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сухтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова, воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи Баланд, бетараф наистода барои хомӯш кардани оташ ҳисса гузошт.

Афсари ҷавон, ки ҳамагӣ 27 сол дошт дар вақти сухторхомӯшкунӣ дар иҳотаи оташ ҷароҳатҳои вазнини сухтаи бадан мебардорад ва 85 дарсади баданаш месӯзад, ки дар натиҷа дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Ҳодисаи сухтор шоми 8-уми август сар зада, ҳуҷраҳои истикоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ меравад. Хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқоматӣ ба вуҷуд омада, қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сухта зарар дидааст.

Дар ин ҳодисаи сухтор дар баробари кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳаққу ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов барои хомӯш кардани оташ талош карда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, ҷони худро дар хатар гузоштааст.

Афсари қушунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи подполковник қадршиносӣ гардид. Дар саҳни қисми ҳарбие, ки фаъолият дошт лавҳаи ёдгориашро насб карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь