Дар ғарби Қазоқистон як автобус, ки ба ҷониби Русия мерафтааст, сӯхтааст. Дар ин автобус шаҳрвандони Ӯзбекистон қарор доштанд.

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Иргизи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон як автобус, ки 57 мусофир дошт, сӯхтааст. Дар натиҷаи ин оташсӯзӣ 52 кас ҳалок шудаанд ва танҳо панҷ нафар ҷон ба саломат бурдаанд. Дар байни наҷотёфтаҳо ду нафар ронанда, ки шаҳрванди Қазоқистон будаанд, ҳастанд.

Ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд. Гуфта мешавад, ки консули Ӯзбекистон ба ҷойи ҳодиса рафтааст ва сабабҳои оташсӯзии автобус таҳқиқ мешавад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь