Имрӯз дар “Кохи Наврӯз” ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20 -умин солгарди таъсиси ин созмон оғоз шуд, ки ҳоло идома дорад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин (онлайн) ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони кишварҳои нозир дар СҲШ президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доранд.

Дар  нишаст инчунин дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА, ширкат доранд.

Дар ҷараёни нишасти ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд. Сарони давлатҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.

Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор  қабул хоҳанд кард.

Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь