13-уми июли солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” -и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, зикр намуд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.

Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” илова ба хизматрасонии босамару сифатноки бонкӣ, дар ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки фаъолонаи аъзоёни ташкилоти ибтидои ҳизбии “Амонат” ва бо даъвати адибону зиёиён чорабиниҳои зиёди хотирмон, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами миллӣ, 27-солагии таъсисиёбии ҲХДТ, омӯзиши Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонон   баргузор гардиданд.

Аъзоёни фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” низ фикру ақидаҳои хешро вобаста ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” иброз дошта, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди демократия, гуногунандешии сиёсӣ, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид намуданд.

Сипас муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ба сухан баромада бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.

Гуфта шуд, ки ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу суббот ва истиқлолияти комили давлат намуда, бо пайрави аз сиёсати сулҳҷуёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар мубориза баранд.

Сипас бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ва муовини Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноза дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.

Дар охири ҷаласа ба кормандоне, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь