5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 6-уми Намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо перомуни Афғонистон баргузор гардид.

Иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон пас аз мулоқоти охирини моҳи феврали соли 2024 ва ҳамчунин доир ба бархӯрдҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо перомуни расонидани кӯмак ба Афғонистон табодули афкор карданд.

Иштирокчиёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи ҳуқуқи башар, бахусус занону духтарон, дар Афғонистон, инчунин чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь