Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар кишвари Банғола ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Непал вохӯрда, пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи «Силҳет Дистирикт Стедиум» барпо гардид, футболбозони мо дар дақиқаи 27-ум баъди аз пой зада афтонидани Ҷаҳонгир Эргашев зарбаи пеналтиро истифода бурда, ҳисобро кушоданд. Тӯбро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев  ба нишон расонд.

Дар қисми дуюм Комрон Турсунов баъди ба майдон баромадан дар дақиқаи 60-ум ҳисобро афзуд. Ӯ тӯби партофтаи Фатҳулло Фатҳуллоевро бо зарбаи сар вориди дарвоза кард. Ин аввалин гол ва аввалин ширкати Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат ба ҳисоб меравад.

Футболбозони мо 4-уми октябр дар гурӯҳи «А» дар вохӯрии дуюм бо дастаи мунтахаби  Фаластин, ки иштирокчии Чемпионати Осиё-2019 мебошад, қувва месанҷанд.

Мусобиқаи «Ҷоми тиллоии Баҳандбандҳу» аз 1 то 12 октябри соли 2018 идома меёбад. Он аз ҷониби Федератсияи футболи Банғола таъсис дода шуда, маротибаи 6-ум гузаронида мешавад. Бори аввал дар мусобиқаи имсола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Фаластин, Филиппин ва Лаос ширкат меварзанд.

Банғола соли 2015 ва Непал соли 2016 ғолиби ин мусобиқаи байналмилалӣ гардидаанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»

Гурӯҳи  «А».

Даври 1-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз  пеналтӣ (0:1). Комрон Турсунов, 70 (0:2).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь