2 апрели соли ҷорӣ аз оғози ғалабаи таърихӣ ва пуршарафи артиши Озарбойҷон – Набарди апрелӣ 6 сол пур мешавад. Ғалабаи моҳи апрел  ғалабаи сарнавиштсози артиши Озарбойҷон гардид.

Шикасти қушунҳои ишғолгарои арманӣ, фирори онҳо аз майдони ҷанг, намоиши возеҳи бартарии техникии Артиши Озарбойҷон ва ақибмондагии қувваҳои мусаллаҳи Арманистон, озод шудани қисмати заминҳои Озарбойҷон аз дасти истилогарон — ҳамаи ин дар маҷмӯъ нишон дод, ки то чи андоза Артиши Озарбойҷон аз он сохторҳои мусаллаҳе, ки дар солҳои 90-уми асри ХХ дар кишвар буданд, фарқият дорад.

Он набардҳо, ки бо фитнаангезӣ ва тахрибкории арманиҳо оғоз ёфтанд, сарфи назар аз муддати кӯтоҳ доштани онҳо ё ба иллати худи ҳамин омил, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳарбӣ, техникӣ ва ватандӯстӣ натиҷаҳои азиме доданд.

Эҳтимол, намунаи равшани ғалабаи онвақта натиҷаи сиёсӣ буд, он натиҷае, ки ғалабаи ҳарбиро дарҳол ба ғалабаи сиёсӣ табдил дод.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарфармондеҳи Олӣ Илҳом Алиев ба тамоми ҷаҳон нуфузи Озарбойҷон, қудрати Артиши Озарбойҷон, омодагии роҳбарияти сиёсии кишвар ва мардуми Озарбойҷонро барои озодии заминҳои худ ба тамоми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ишғолро қабул нахоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ин як паёми ҷиддӣ ба тамоми ҷаҳон, ба тамоми марказҳои сиёсие гардид, ва онҳо ба таври возеҳ ва равшан дарк намуданд, ки Озарбойҷон бо хаёли Арманистон барои нигоҳ доштани мақоми онвақтаи Қарабоғ мабни бар он, ки муноқиша ба ҳеҷ ваҷҳ ҳал нашавад ё дар ҳолати номаълум боқи бимонад, созиш нахоҳанд кард.

2 апрели соли 2016 дар посух ба иғвогариҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон Артиши Озарбойҷон бо ҳамлаи зудамали ҷавобӣ  душманро шикаст дода, беш аз 2000 гектар заминҳои ишғолшудаи вилоятҳои Фузулӣ, Ҷаброил ва Ағдараи Озарбойҷонро озод кард.

Ҳадаф аз амалиёти зиддиҳамлавии Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон, пешгирии хатари таҳдидкунандаи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳаллаҳои аҳолинишини дар хатти даргириҳо ҷойгиршуда буд.

Бад-ин тариқ, аз моҳи марти соли 2016 воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рӯз то рӯз тирборони маҳаллаҳои аҳолинишини Озарбойҷонро дар хати ҷабҳа зиёд намуданд.

Бо мақсади авҷ гирифтани шиддатнокии авзоъ, воҳидҳои низомии Арманистон аз тӯпхонаҳо ҳам ба мавқеъҳои ҷангӣ ва ҳам ба маҳаллаҳои аҳолинишин дар хати даргириҳо тир холӣ намуданд. Шаби 2 – юми  апрел, душман тамоми мавқеъҳоро тирборон намуд, аҳолии мулкии Озарбойҷон низ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҷониби Озарбойҷон фавран тасмим гирифт, ки чораҳои мувофиқ қабул кунад ва дарҳол зарбаҳои ҷавобӣ дод. Мавқеъи душманонро дар сафи пеш ва ақибгоҳ муайян намуда қувваи зиндаи артиши арманиҳо ва техникаи ҳарбии онҳо нобуд гардид.

Дар натиҷаи зарбаҳои қатъии Қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон 30 тонк, зиёда аз 25 тӯп ва дигар техникаи ҳарбии душман нест шуда, 320 нафар хизматчиёни ҳарбӣ кушта ва зиёда аз 500 нафар сарбозон захмдор шуданд. Назорати роҳҳо дар самти Оғдара-Мадагиз таъмин шуд, баландиҳо дар минтақаи деҳаи Талиш, ҳамчунин нуқтаи Сейсулон озод шуданд. Баландиҳои стратегии Лалатепа дар самти ноҳияи Фузулӣ таҳти назорат гирифта шуд, ва он имкон дод, ки қаламрави васеъ зери назорати Озарбойҷон гирафта шавад.

Эътимод ба қувваи худ, рӯҳияи баланд ва ҳавасмандии ҳайати шахсӣ – аскарон, афсарон, генералҳои Озарбойҷон, ҳамаи ин нишондиҳандаи муҳими бартарияти Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон нисбат бар душман буд. Ҳамлаи бомуваффақият ҳақиқатро исбот намуд – дар зарфи чанд рӯзи ҷанг ноҳияҳои муҳиме, ки пештар арманиҳо ишғол карда буданд, озодиро ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, таъсире, ки натиҷаи амалиёти зидди ҳамлавии артиши Озарбойҷон аввалҳои моҳи апрели соли 2016 расонд, шикасти амиқе дар роҳбарияти низомию сиёсии Арманистон ба вуҷуд овард.

Бо шарофати ғалабаи моҳи апрел, афсонае ки давоми солҳо дар бораи “мағлубнашавандагии артиши арманиҳо” бофта шуда буд, барҳам хурда, ҳалқи Арманистон барбод рафтани сиёсати таҷовузкоронаро дарк намуд. Дар натиҷа собит шуд, ки дар ин кишвар дар сатҳи давлатӣ аз ҷудоихоҳӣ ва истилогарӣ пуштибонӣ мешавад.

Муҳорибаҳои моҳи апрелӣ, ки дар солномаи ҷангии Озарбойҷон бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд, аҳамияти бебаҳое дар роҳи ба даст овардани Ғалабаи бузурги Ҷанги пуршарафи Ватанӣ доранд.

Муваффакиятҳои ҳарбие, ки дар набард бо душман ба даст омад на танҳо боварӣ ва иродаи артиш ва халқи Озарбойҷонро ба Ғалабаи бузург афзун намуд, балки барои ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳ озмоиши муҳим ва малакаи калони ҷангӣ гардид.

Ин таҷрибаро Артиши диловари Озарбойҷон бомуваффақият дар ҷанги дуюми Қарабоғ ба кор бурда, ба душман зарбаи ҳалокатовар зада, заминҳоро аз ишғол озод кард.

Хурсандиовар аст, ки усули муосири чангӣ ва навовариҳои муҳими артиши шуҷоатманди Озарбойҷон, ки дар давоми хамагӣ 44 рӯзи Ҷанги Ватанӣ Ғалабаи бузург ба даст овард, аз ҷониби қушунҳои пешқадами ҷаҳон амиқан омӯхта ва ба кор бурда мешавад.

Имрӯз ҳар як озарбойҷонӣ бояд ифтихори бепоён аз парчами серангаи худ дошта бошад, ки шаш сол қабл дар баландии Лалатепа барафрохт, ва дар Шушаву  дигар минтақаҳои Озарбойҷон ҷилва мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь