Ҷунбиши тундрави фаластинии Ҳамос изҳор дошт, омода аст, ҳама гаравгонҳои боқимондаи исроилиро якбора иваз кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Қатар Al Jazeera хабар дод.

Ба гуфтаи рӯзноманигорони ин шабака, табодули якдафъаина метавонад дар марҳилаи дуюми созиш сурат гирад, аммо танҳо дар сурати ҳосил шудани созишҳо дар бораи оташбаси доимӣ ва хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғазза имконпазир хоҳад буд. Як рӯз пеш Ҳамос эълон кард, ки шаш гаравгони зиндаи дигарро рӯзи шанбеи 22-юми феврал раҳо мекунад.

19-уми январи соли 2025 оташбас дар навори Ғазза эътибор пайдо кард. Дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали оташбас, ки 42 рӯз идома хоҳад кард, интизор меравад, Ҳамос 33 гаравгони исроилӣ, аз ҷумла ҳамаи занону кӯдаконро раҳо кунад. Дар посух Исроил барои ҳар як ғайринизомии озодшуда 30 маҳбуси фаластинӣ ва барои ҳар як сарбоз 50 маҳбусро озод хоҳад кард.

Қаблан сарвазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу гуфта буд, ки кишвараш иҷоза намедиҳад, ки Ҳамос дар навори Ғазза ҳукмронӣ кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь