Зарари сӯхтори бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун тибқи ҳисобҳои пешакӣ тақрибан 10 миллион сомонӣ муайян шудааст. Соҳибкорони бозор аз пардохти андоз озод гардида, муҳлати пардохти қарзи соҳибкороне, ки  аз бонкҳо қарз гирифтаанд, тамдид карда шуд.

Аз Нозироти андози ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, ки дар бозор 611 соҳибкор фаъолият мекарданд, ки моҳона ба буҷети ноҳия 508 ҳазор сомонӣ андоз  ва беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба фонди нафақа месупориданд. Соҳибкорони зарардида то барқарор гардидани бозор  аз пардохти андоз озод карда шудаанд.

Як манбаъ аз ноҳияи Ҷайҳун ба “Фараж” хабар дод, ки бартарафкунии оқибати сӯхтор дар  бозор ҳоло идома дошта, аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ чӣ кумаке, ки бошад, ба соҳибкорон расонида мешавад.

Ҳамчунин, муҳлати падохти қарзи соҳибкороне,ки аз бонкҳо қарздор буданд, тамдид карда шуда, ҳоло соҳибкорон дар дигар мавзеъ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Сабаби ҳодисаи сӯхтор аз хулосаи санҷиши пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда, зарари расонидашуда тибқи ҳисобҳои пешакии  гуруҳи корӣ беш аз 10 миллион сомонӣ  муайян карда шудааст, гуфтанд аз мақомот.

Бояд гуфт, ки шаби 1-уми июли соли ҷорӣ дар Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омада, беш аз 90 дарсади бозор ба коми оташ рафт, вале соҳибкорон тавонистанд 60 дарсади молҳои худро аз сухтор наҷод диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь