Соли гузашта аз ҷониби Прокуратураи генаралӣ ва Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун нисбати 9 қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун эътироз оварда шуда, 8-тои он бекор карда шудааст.
Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкур Сайҷаъфар Шарифзода ба “Фараж” иттилоъ дод, ки соли гузашта 8 қарори раиси ноҳия вобаста ба истифодаи замин қисман бекор карда шуда, 1 адади дигараш ба қонун мутобиқат гардонида шудааст.
Ӯ афзуд, ки дар соли 2024 аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини ноҳия 284 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ дар истифодаи замин дар майдони 47,81 гектар ошкор карда шудааст.
– Нисбати 214 ҳолат дастур, санад ва қарорҳои ҷарима қабул карда шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, – илова кард ӯ ва гуфт, ки маблағи ҷарима беш аз 140 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин 118 ҳазору 568 ҳазораш ба суратҳисоби махсуси Кумита ворид карда шудааст.
Қайд кард, ки қонунвайронкуниҳои мазкур дар майдони 42,90 гектар қитъаи замин бартараф карда шудааст, ки майдони бартарафшуда 94 дарсадро ташкил медиҳад.