Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда, ки ҳанӯз соли 2007 оғоз гардида, бо гузашти 16 сол то ҳол ба анҷом нарасидааст, имсол дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Дар ин бора Саъдулозода Абдулвоҳид, роҳбари сохтмони асосии вилояти Хатлон, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомониро дар бар мегирад, ки ҳоло  корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур қариб ба итмом расидаанд.

Номбурда дар идома илова кард, ки ҳоло дар тавозуни ин Раёсат 32 иншооти нотамом вобаста шуданд, ки сохтмонашон солҳо боз идома дорад ва марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Сохтмонҳои бузурги нотамом Варзишгоҳи марказии ноҳияи Кушониён, бинои мақомоти маҳаллии шаҳри Леваканд ва ба ин монанд дар чанд шаҳру ноҳияҳои дигар сохтмонҳои нотамом мавҷуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь