Дар доираи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун наздики 50 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.
Дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Зайнулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз ва роҳбарони дигар ташкилоту муассисаҳо иштрок карданд. Дар ин бора аз Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди муассисаи таълимии рақами 28 7 синфхона, муассисаи таълимии рақами 2 – 7 синфхона, муассисаи таълимии рақами 52 – 7 синфхона, муассисаи таълимии рақами 45 – 7 синфхона, муассисаи таълимии рақами 47 аз ҳисоби кумитаи АВО 6 синфхона ва муассисаи таълимии рақами 49 аз ҳисоби кумитаи АВО 5 синфхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, норасоии 1560 нафар дар як баст аз байн бардошта шуд.
Гуфта шуд, ки биноҳои алоҳида ва синфхонаҳои иловагии болозикр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва кумитаи волидайну омӯзгорон сохта шуда, дар доираи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷайҳун тақдим карда шуд.
Муассисаҳои таълимии болозикр воқеан ҳам эҳтимоли себаста шуданро доштанду хонандагон аз роҳи дур ба ин муассисаҳои таълимӣ меомаданд. Акнун баъди ба истифода додани синфхонаҳои мазкур ин мушкилотҳо пурра бартараф карда шуд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тавилдараи ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Ҷайҳун муассисаи таълимии рақами 45 иборат аз 7 синфхона ва 2 утоқи корӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Хонандагони деҳаи мазкур то ин ҷониб дар муассисаи таълимии рақами 43 ба таълим фаро гирифта шуда буданд, ки масофа аз деҳа то муассисаи таълимии рақами 43 зиёда аз 3 километрро дар бар мегирифт. Ҳангоми ифтитоҳи муассисаи мазкур мардуми деҳа миннатдории самимонаи худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, шодиву нишоти хонандагон ва волидайни онҳо ҳаду канор надошт.