Дар маркази ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳанӯз аз соли 2007 сохтмони мактаб барои 600 хонанда оғоз гардидаву то ҳол, яъне 15 сол боз,  ба итмом нарасидааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода чанде пеш аз он дидан карда,  ба масъулон супориш дод, ки то моҳи сентиябри соли 2022 ин муассисаи таълимиро мавриди истифода қарор диҳанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дирӯз, 2-юми ноябр,  зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷайҳун нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонии мактаби нотамом дар маркази ноҳияи Ҷайҳун шинос шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додаанд.

Муассисаи таълимиии мазкур бо маблағгузории мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 600 хонанда дар як баст бунёд мешавад. Дар бинои сеошёнаи мактаб, ки сохтмонаш дар маркази ноҳияи Ҷайҳун идома дорад, коргарони кооперативи «Беҳбудӣ» корҳои сохтмониро анҷом мебахшанд. Зимни боздид ва суҳбату мулоқот бо роҳбарияти раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохтмончиён, роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баҳри беҳбудии кор, маблағгузорӣ ба сохтмон васли таҷҳизоти гармидиҳанда, вусъати корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳо дар ин иншооти нотамом дастуру тавсияҳои судманд дод.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки замини атрофи ин дабистон самараноку оқилона истифода бурда шавад. Моҳи сентябри соли 2022 ин дабистон бояд бо тарҳи зебо, замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва мавриди истифодабарӣ қарор гирад, зеро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мақоми аввалро ишғол мекунад.

То имрӯз дар корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомонӣ сарф шудааст. Маблағҳои боқимонда бояд мақсаднок ва сарфакорона масраф гарданд. Раиси вилоят диққати масъулинро ба хушсифат  анҷом бахшидани корҳои сохтмонӣ ҷалб карда, баҳри беҳбудии кор дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Чанде пеш аз шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷақҳун ба “Фараж” хабар дода буданд, ки мактаби мазкур  барои 600 хонанда бо 26 синфхона, як толори варзишӣ ва як маҷлисгоҳ дар маркази ноҳия аз соли 2007 бо маблағгузорӣ аз буҷети вилояти Хатлон оғоз гаштаю то ба имрӯз нотамом боқӣ мондааст. Сабаби он саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.

Сардори раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун Давлат Гуреззода перомуни ин масъала гуфт, ки фармоишгари сохтмони мактаби мазкур раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шумор рафта, арзиши харҷномавии иншоот 21 миллиону 36 ҳазор сомонӣ буда, маблағи корҳои сохтмонии то ҳол иҷрошуда беш аз 9 миллион сомонӣ аст. “Боқимондаи маблағ 12 миллион  сомониро ташкил медиҳад, ки то ин замон аз худ нашудааст»,- афзуд ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь