Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, пас аз шаш моҳи фаъолият, аз вазифа барканор карда шудааст. Аммо масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯянд, ки Анзурат Назарзода аз вазифа барканор нашудааст, балки бо хоҳиши худаш аз ин вазифа даст кашидааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти расида, гуруҳи кормандони шуъбаи маориф ва бархе аз директорони макотиби миёнаи ноҳияи Ҷайҳун аз рафтори мудири шуъба Анзурат Назарзода ба мақомот шикоят бурда, хостори расидагӣ ба мушкилашон шудаанд.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Ширинзода Муҳиддин Исмоил дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, дар асоси шикояти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун фаъолияти кории мудири шуъбаи маориф Назарзода А. тафтиш ва як қатор камбудиҳоро ошкор кардаанд ва ба Вазорати маориф ва илми кишвар маълумотнома пешниҳод кардаанд.

– Бе асос аз кор озод ва аз фаъолият дур кардани кормандони шуъбаи маориф аз камбудҳои асосӣ дар фаъолияти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Назарзода Анзурат мебошад. Мо рафтем, тафтиш кардем. На фармоиши озод кардани корманд вуҷуд дорад, на ягон чизи дигар. Корманд иҷозати аз дари шуъбаи маориф даромаданро надорад. Мудири шуъба кормандонро ҷавоб дода гуфтааст, ки бо онҳо кор кардан намехоҳад. Мо норозигии аҳли коллективи шуъбаи маориф ва тамоми омӯзгорони ноҳияи Ҷайҳунро ба назар гирифта, таҳлил кардем ва ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон гузориш равон кардем, -гуфт Ширинзода М.И.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода тафтиши фаъолияти кории мудири собиқи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Анзурат Назарзодаро тасдиқ кард, аммо гуфт, масъалаи аз кор озод шудани ӯ дар асоси розигӣ ва аризаи худи Назарзода А. ба унвонии Вазорати маориф ва илм сурат гирифтааст.

– Аз рӯи маълумоти доштаи ман, масъалаи озод шуданаш дар асоси аризаи худи Назарзода баррасӣ шудааст ва мақомот номзадҳои навро аз ҳисоби омӯзгорони маҳаллӣ ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун пешниҳод кардаанд, – гуфт Сафарзода Ғ.

Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҷабзода Бекмурод низ дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфт, камбудиҳои ошкоршуда дар фаъолияти кории собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Анзурат Назарзода асоси аз вазифа сабукдӯш шудани ӯ нестанд. Ба гуфтаи ин масъули Вазорати маориф ва илм, Назарзода А. бо аризаи худаш аз вазифа даст кашидааст.

Худи Анзурат Назарзода дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Фараж” сабаби аз вазифа даст кашиданашро “беморӣ” унвон карда, ҳама гуна шикояти кормандону омӯзгорон ва тафтишро дар фаъолияти кориаш рад кард.

-Саломатиам хуб нест, бемории “деабети қанд” шудам. Ман худам аризаи аз кор рафтанамро навиштам. Дар ду маҷлис беҳуш шудам. Ягон омӯзгор ҳам шикоят накардааст ва тафтиш ҳам нашудааст, – хулоса кард Назарзода А.

Ёдовар мешавем, ки Анзурат Назарзода то таъйин гардиданаш ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар мактаби рақами 7-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳайси директор фаъолият кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь