Рӯзи якуми октябри соли равон бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва волидайни ҷавонони ихтиёри чорабинии идона дар майдони Парчами давлатӣ ба ифтихори рӯзи даъватшаванда доир гардид.
Маҳз ҳамин боварӣ ва эътимоди роҳбари давлат аст, ки имрӯз 60 нафар ҷавони ихтиёрӣ дар мактаби ронандагии ТҶММ муддати 3 моҳ таҳсил намуда сазовори шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Боиси қайд аст, ки ин ҷавонон муддати 3 моҳ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун таҳсил намуданд ва дар умум 82-нафар таҳсил намуда, 22-нафари дигари онҳо баъдаз 10-уми октябр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд.