Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кишвар мегӯяд, тибқи нақша, пеш аз ҳама онҳое ба ҳаҷи фарзӣ сафарбар карда хоҳанд шуд, ки ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд. Ҳаҷи фарзӣ дар сурате амалӣ хоҳад шуд, ки аз тарафи кишвар мизбон, яъне Арабистони Саудӣ, ба вуруди зоирин, барои адои Ҳаҷ, иҷозат дода шавад.
Раиси Кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, руйхати ҳаҷравандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ба кумита пешниҳод карда шудааст.
– Феълан аз ҷониби кишвари мизбон, яъне маконе, ки дар он ҷо ҳаҷ баргузор мегардад, дар масъалаи ҳаҷи фарзӣ ба унвони кумита ягон тасмим ва ё даъватнома нарасидааст. Бо чӣ қадар теъдод ва дар кадом сурат баргузор шудани ҳаҷ, бо дар назар гирифтани вазъи эпедемиологии олам, дар асоси тасмими давлати Арабистони Саудӣ, амалӣ карда мешавад, – гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон С. Давлатзода.
Ин дар ҳолест, ки то се сол қабл аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор зоир барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд. Арабистони Саудӣ ба мусалмонон, барои адои ҳаҷи умра, танҳо бо дар назар гирифтани қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат додааст.