Аҳтам Назаров, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”, ба дастаи “Андиҷон”-и Ӯзбекистон гузашт. Дар ин бора сомонаи расмии тими ӯзбекистонӣ дар шабакаи Инстаграм хабар дод ва акси Аҳтамро нашр карда, навишт: “Аҳтам Назаров, хуш омадед ба оилаи “Андиҷон””.

Кова Тилавпур, агенти футболбози тоҷик, дар сӯҳбат бо “Фараж” гуфт, ки “қарордоди ҳамкорӣ то охири соли 2024 баста шуд. Шартномаи Аҳтам бо “Истиқлол” ба охир расид ва ӯ ҳамчун футболбози озод ба дастаи “Андиҷон” гузашт”.

Роҳбарияти дастаи “Андиҷон” футболбози тоҷикро дар фурӯдгоҳи шаҳри Анталияи Туркия пешвоз гирифтанд. Ин даста барои омодагӣ дар Туркия қарор дошта, чанд бозии санҷишӣ мегузаронад.

Аҳтам Назаров аз соли 2012 дар дастаи яккачини Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар тими мунтахаб бештар аз 60 бозӣ гузаронида, 5 гол задааст. Ин футболбоз солҳои 2013-2019 дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ карда, солҳои 2019-2020 дар дастаи “Башундхара”-и Банғола ҳунарнамоӣ кардааст. Баъдан, боз ба “Истиқлол” баргашт ва то ин вақт дар ин даста бозӣ мекард.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь