Девлет Бахчели, роҳбари Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ дар Туркия ба президенти кишвараш Раҷаб Тайип Эрдуғон харитаеро тақдим намуд. Харитаи мазкур “ҷаҳони турк” ном дошта, дар баробари ҳудуди давлатҳои туркнажод, инчунин анқариби 20 минтақаи Руссияро низ дар бар мегирад. Акси тақдими туҳфаи мазкур санаи 17-уми ноябр дар саҳифаи фейсбукии Ҳизби Ҷунбишӣ Миллӣ ба нашр расид.

“Роҳбари мо ҷаноби Девлет Бахчели ва президенти мо ҷаноби Раҷаб Тайип Эрдуғон дар Кохи президент вохӯрданд” – навишта шудааст дар шарҳи аксе, ки саҳифаи твиттери ҳизб нашр кардааст.

Ба гуфтаи Бахчелӣ, ба “ҷаҳони туркӣ” манотиқи ҷануби Русия – Қрим, Кубан, вилояти Ростов ва ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ ва Сибири Шарқӣ шомиланд.

Дар харита як қатор мамлакатҳои дигар низ нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, қаламравҳои Туркия, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо ранги сурх ишора шудаанд.

Дар баробари ин, на Эрдуғон ва на Бахчелӣ дар бораи харитаи мазкур изҳорот надоданд.

Оиди қазияи мазкур сухангӯи Кремл, Песков назари худро дар пахши барномаи “Москва. Кремл. Путин” дар шабакаи телевизионии “Россия 1” баён намудааст.

“Шарикони туркии мо ғояи ваҳдати туркҳоро тарғиб мекунанд, ин муқаррарӣ аст. Ман, танҳо чизе, ки афсӯс мехӯрам, ин аст, ки дар маркази ҷаҳони туркӣ то ҳол ситораи бузурги сурх дар харита нест”, — гуфтаст Песков.

Бино ба иттилои ТАСС, сухангӯи Кремл таъкид кардаст, ки ин марказ дар Туркия нест, он дар қаламрави Федератсияи Русия, дар Олтой аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here