Расонаи “Афғонистон интернейшнл” дар такя ба ду манбаи муътабари худ дар Машҳад ва Теҳрон навиштааст, ки сарпарасти вазорати хориҷаи Толибон, Амирхон Муттақӣ бо Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Эрон дидор анҷом медиҳанд.

Бино ба иттилоъи ин шабака, дар ин дидор волии пешини Ҳирот ва яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷамъияти исломии Афғонистон, Муҳаммад Исмоилхон ҳам иштирок мекунад.

Масъулини Ҷабҳаи муқовимати миллӣ то ҳанӯз дар хусуси дидори Аҳмади Масъуд бо Толибон изҳори назар накардаанд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Толибон, рӯзи шанбе Амирхон Муттақӣ барои гуфтугӯ дар бораи масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ бо даъвати вазорати хориҷаи Эрон вориди Теҳрон шудааст.

Аммо “Афғонистон интернейшнл” аз қавли як манбаъи дигараш мегӯяд, ки ин сафар бо дархости Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.

Ин шабака менависад, ки ҳоло Аҳмади Масъуд дар шаҳри Машҳад қарор дошта, он ҷо барои дидори хонаводааш рафтааст.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь