Дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи як килограм сабзӣ то ба даҳ сомонӣ баробар шудаст, ки ин гуна афзунашвии рекордиро сокинони вилоят ёд надоранд.

Сокинони вилояти Хатлон зимни суҳбат таъкид карданд, ки дар таърихи вилоят бори аввал аст, ки  як килограм сабзӣ 10 сомонӣ арзиш дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки солҳост  нархи он аз 50 дирам то 1 сомонӣ буд.

Акмал Муродов, сокини вилоят, гуфт, ин ҳафта туй дорад, бояд 100 кило сабзӣ бихарад, соли гузашта 100 кило сабзӣ 150 сомонӣ арзиш дошт, мутаассифона,  айни замон ин миқдор сабзӣ  900 то 1000 сомонӣ шудааст.

Фурӯшандаҳои бозорҳои вилояти Хатлон омили боло рафтани нархи сабзиро  дар ворид нашудани он аз Ҷумҳурии Узбекистон арзёбӣ карданд. “Ҳоло дар сардхонаҳои вилоят сабзӣ нест. Мо худ бори аввал мебинем, ки арзиши як килограм сабзӣ то 9-10 сомонӣ шавад. Мо сабзиро бо нархи гарон мегирем, болояш як ё ду сомонӣ илова карда мефурӯшем ва агар арзон фурӯшем, зарар мекунем”, – гуфт як фурӯшанда.

Қудбидин Халилов, як корманди Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки имсол тибқи дурнамо бояд дар майдони 2 ҳазору 140 гектар кишти сабзӣ гузаронида мешуд, мутаассифона, 35 гектар кам кишт карда шудааст.  – Ҳоло дар вилоят дар майдони 2 ҳазору 105 гектар кишти сабзӣ гузаронида шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 25 гектар кам аст, – илова кард ӯ.

Ҳамчунин, аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки соли гузашта дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилоят ҳам аз кишти барвақтӣ ва ҳам аз такрорӣ 270 ҳазору 862 тонна сабзӣ ҷамоварӣ шуда буд.

Коршиносони маҳалӣ бар он назаранд, ки болоравии нархи сабзӣ ба ин ҳад дар вилояти Хатлон тааҷҷубовар аст. Набояд чунин бошад, зеро ин вилоят минтақаи кишоварзист. Ин ҷаҳиши нархи сабзӣ нишон дод, ки ташкили сардхонаҳо ва маданияту мақсади истифодаи он то ба имрӯз барои худи соҳибкорон нофаҳмост.  Агар сардхонаҳое, ки мавриди истифода қарор гирифтаанду ҳамарӯза реклом мешаванд, дуруст фаъолият мекарданд, имрӯз вазъи бозори сабзӣ ба ин ҳад намерасид. Гуфтан мумкин аст, ки қазияи сабзӣ барои масъулони идораҳои дахлдор дарси адаб дод. Онҳоро мебояд аз ин ба баъд ба хотири таъмини бозори истеъмолӣ маҳсулоти гуногунро саривақт захира карда, дар мавриди зарурӣ онро ба бозор бароранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь