Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ наздики 1 миллион сомонӣ маблағҳои баъди фавти нафақагирон тасарруфшударо ошкор ва ба буҷети давлатӣ баргардонидааст. Агентӣ мегӯяд, ин маблағҳо ба 1400 бознишаста баъди фавт пардохт шудаанд.
Сардори Раёсати назорати таъйини нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Саъдулло Насриддинов дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур гуфт, дар ин самт пайваста бо кормандони БДА “Амонатбонк” ҳамкорӣ доранд.
– Зиёда аз 895 ҳазор сомоние, ки дар соли 2024 ба 1400 нафақагир, баъди фавт пардохт ва аз тарафи хешовандони онҳо гирифта шудааст, ба пуррагӣ барқарор карда шудаанд, – гуфт Насриддинов.
Сардори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ гуфт, “дар ин ҷо амали коррупсионӣ вуҷуд надорад”. Ӯ шарҳ дод, маблағҳоеро дар назар доранд, ки “маблағи нафақа рӯзи 14-ум ба корти нафақагир ворид шудааст, лекин нафақагир рӯзи 15-ум вафот кардааст”.
– Тибқи қонун чунин маблағҳо баргардонида, ба буҷаи Агентӣ барқарор карда мешаванд. Он ҳолатҳое, ки нафақагир вафот карда бошаду маблағи нафақааш наздиконаш чанд моҳ ё сол гирифта истода бошанд, вуҷуд надорад. На ҳамеша, баъди вафоти нафақагир, сари вақт наздиконаш ба шуъбаҳои САҲШ муроҷиат мекунанд. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки як, ду ё шаш моҳ, то ягон ҳоҷат пайдо нашавад, наздикони шахси фавтида хабар намедиҳанд. Вақте ки чунин ҳолатҳо ошкор мешавад, маблағҳо пурра барқарор карда мешаванд. Ба монанди солҳои қабл, ки худи корманди Агентӣ дидаву дониста чунин ҳолатҳоро рӯйпӯш карда, маблағи шахси вафтидаро тасарруф кунанд, вуҷуд надорад, – гуфт сардори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон.
Ҳамчунин, гуфта шуд, маблағи кӯмакпулии якдафъаина ба оилаҳои камбизоат, ки наздиконашонро аз даст додаанд, дар соли равон 1500 сомониро ташкил медиҳад. Ин кӯмакпулӣ соли гузашта 1440 сомонӣ будааст.