Бар асоси гузориши Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид, шумораи афроди дар хатари гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон қарордошта, ба 45 миллион нафар расидааст. Ба хусус, дар Афғонистон шумораи одамоне, ки хавфи гуруснагии шадид доранд, афзудааст.

Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) дирӯз, 8 ноябр, эълом кард (https://www.wfp.org/stories/42-million-people-are-knocking-famines-door-and-us66-billion-could-save-them-now-0), ки дар авоили соли ҷорӣ 42 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор дошт, аммо ҳоло ин шумора ба 45 миллион нафар расидааст.

Дэвид Бислӣ, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, гуфт, “даҳҳо миллион нафар ба вартаи нобудӣ ғарқ хоҳанд шуд”.

– Даргириҳо, тағйирёбии иқлим ва COVID-19 афзоиши шумораи гуруснагонро суръат бахшиданд. Тадқиқоти ахир нишон медиҳад, ки беш аз 45 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Барномаи ҷаҳонии озуқа, ин афзоиш асосан ба зиёд шудани шумори афроде, ки бо хатари гуруснагӣ дар Афғонистон ҳастанд, марбут аст. Вазъи фақр дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар моҳи август ва зери роҳбарии толибон қарор гирифтани кишвар, бадтар шудааст. Ҳоло наздик шудани зимистон вазъиятро нигаронкунанда карданист. Тибқи маълумоти Маркази парҳезии СММ, 95 дарсади афғонҳо дар ҳоли ҳозир ғизои кофӣ намехӯранд.

Ба зикри манбаъ, Афғонистон ба бузургтарин бӯҳрон дар ҷаҳон табдил мешавад ва эҳтиёҷоти ин кишвар аз дигар кишварҳои бадтарин – Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва ҳатто Яман болотар аст. Тибқи арзёбии охирини IPC (меъёри ҷаҳонӣ барои арзёбии амнияти озуқаворӣ), дар Афғонистон дар маҷмуъ 22,8 миллион нафар ҳоло бо норасоии шадиди ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд.

Рақамҳои наве, ки дар рӯзҳои наздик интизор мешаванд, эҳтимол нишон медиҳанд, ки вазъ боз ҳам бадтар шудааст. Барномаи ҷаҳонии ғизо дар тӯли 10 сол, ки СММ таҳлилҳои IPC мегузаронад, ҳеҷ гоҳ ин қадар одамони зиёдро бо сатҳи изтирории амнияти озуқаворӣ дар кишвар надидааст, таъкид мешавад дар гузориш.

Дар саросари ҷаҳон пеш аз пандемии COVID-19 бештар аз 15 миллион нафар дар хатари гуруснагӣ қарор доштанд.

Дар кишварҳои бӯҳронзада, назири Сурия, Яман ва Афғонистон қимати маводи сӯхт, маводи ғизоӣ ва ҳатто нуриҳои минералӣ боло рафта, вазъро шадидтар кардааст.

Танҳо дар Сурия 12,4 миллион нафар дар вазъияте қарор доранд, ки намедонанд ғизои навбатии худро аз куҷо бигиранд.

Манбаъ намегӯяд, боз кадом кишварҳои ҷаҳон дар хатар ба норасоии озуқа қарор доранд, вале таъкид дорад, хонаводаҳое, ки ба мушкилоти шадиди ғизоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, “тасмимҳои харобиовар қабул мекунанд”, аз он ҷумла, бархе аз онҳо духтарони зери синни 18-и худро ба шавҳар медиҳанд ва шиками фарзандонашонро бо малах ва барги дарахтон низ пур мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки хонаводаҳо барои наҷоти худ фарзандонашонро мефурӯшанд.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь