Дар ҳафтаи таомҳои туркӣ фарҳанги гастрономии онҳо, ки дар сарзаминҳои ҳосилхези Анадолу дар тӯли ҳазорсолаҳо шакл гирифта ва дар тӯли садсолаҳо бо осори тамаддунҳои гуногун ғанӣ гардидааст ба мардум муаррифӣ мешавад.
Мавзӯи имсолаи Ҳафтаи таомҳои туркӣ, ки ҳамасола аз 21 то 27-уми май бо чорабиниҳои гуногун дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, бо унвони “Таомҳои классикии ошхонаи туркӣ” ном гирифтааст.
Менюи мавзӯи «Таомҳои классикии ошхонаи туркӣ» хурокҳои ҳам солим ва ҳам серғизо ва ҳам хеле маъмуланд, ки қариб дар ҳама хонаҳои Туркия пухта мешаванд. Шӯрбои наск ва тарҳана, ки шӯрбоҳои ҷудонашавандаи таомҳои туркӣ ҳастанд, Карныярик-Пилав-Тзажик, лӯбиёи харикот-Пилав-Тир ва Долма-йогурт, ки ҳангоми хӯрдани якҷоя он зиёфати аҷиберо фароҳам меоранд ва Имомбайилди, ки хуроки сабук буда ҳар касро ба ҳайрат мегузорад, имсол дар саҳнаи аввал қарор дорад. Ба онҳо борек (намуди пироги ҷуштӣ ва панирӣ) ва мантуи хос ҳамроҳӣ карда мешаванд, ки он бо картошка то панир пур шудааст ва ҳамчунин аз гиёҳҳо то гӯшти қимма гуногун омода карда, дар оташи ҳезум пухта мешаванд. Хӯришҳои Бӯстонаву Чупон, Навъҳои компот ва Тавукгошу, Қазандибӣ ва Паклава, ки ҳамеша дар рӯи дастархон барои анҷоми олиҷаноби ғизо мебошад низ дар рӯи дастархон ҷойи худро меёбад.
Ба муносибати ҳафтаи таомҳои туркӣ аз 21 то 27 май дар тарабхонаҳои туркӣ ва тарабхонаҳое, ки таомҳои туркӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод мекунанд дар соатҳои муайян ба таомҳои туркӣ тахфиф пешниҳод карда мешавад. Рӯйхати тарабхонаҳое, ки тахфифҳо пешниҳод мекунанд ва соатҳои тахфифи онҳо муайян гардидааст инчунинанд:
Мерве – Хиёбони Рудакӣ
Мерве – Кучаи Сино (Профсоюз)
Байни саоатҳои 15.00 – 17.00
Ба тамоми таомҳо 15 % тахфиф пешниҳод мегардад.
Сафо – (Донишгоҳи омузгорӣ)
Байни соатҳои 15.00 – 17.00
Ба тамоми таомҳо 15 % тахфиф пешниҳод мегардад.
Бурак
Байни соатҳои 14.00 -17.00
Барои донер 15 % тахфиф пешниҳод мегардад.
Читир Уста
Байни соатҳои 14.00 -17.00
Барои донер 15 % тахфиф пешниҳод мегардад.
Антепҳан
Тамоми руз
Барои қаннодӣ 30% ва барои таомҳо 15% тахфиф пешниҳод мегардад.