Толибон шоҳзода Ҳарриро ба ҷиноят алайҳи башарият барои куштори 25 ҷанговари ин ҳаракат муттаҳам мекунад. Ин ҳаракат аз шоҳзода Ҳаррӣ талаб кардааст, ки барои ҷиноятҳои зидди башарият ҷавоб гӯяд.

Пештар дуки (герсог) Сассекс гуфта буд, ки ҳангоми хидмат дар Афғонистон 25 толибро куштааст.

«Онҳое, ки шумо куштаед, донаҳои шоҳмот набуданд, онҳо одамон буданд; онҳо оилаҳое доштанд, ки интизори бозгашти онҳо буданд”, навиштааст Анас Ҳаққонӣ, ёвари аршади вазири умури дохилии Афғонистон дар Твиттер.

Як мақоми дигари Толибон, Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари сиёсии ин созмон, ба Sky News гуфт, шоҳзода Ҳаррӣ “ҷиноят алайҳи башарият содир кардааст”.

«Онҳо муборизони озодии кишвари худ буданд ва шумо истилогарон будед. Амали онҳо қонунӣ буд. Онҳо қаҳрамони мардумӣ буданд ва шумо душмани онҳо будед”, – гуфт Шоҳин.

Вай афзуд, ки дуки Сассекс дар парвандаҳои ҷиноят алайҳи башарият бояд дар додгоҳ бозпурсӣ шавад ва гуфт, мардуми кишвараш оилаи шоҳонаро “лаънат” хондаанд.

Шоҳзода Ҳаррӣ (писари шоҳи Бритониё Чарлзи 3) ду маротиба дар Афғонистон дар хидмати ҳарбӣ будааст ва пайваста дар амалиёти ҷангӣ алайҳи Толибон ширкат кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь