Бар асоси изҳороте, ки шоми дирӯз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пахш намуд, дар Афғонистон вазъи пурташаннуҷ идома дорад. Барои ҳамин бо дархости кишварҳои ҳамкори хориҷӣ, инчунин бо дарназардошти риояои принсипҳои умумбашарӣ Ӯзбекистон ибрози омодагӣ кардааст, ки барои аз Афғонистон берун кашидани шаҳрвандони ин кишварҳо  ҳарими ҳавоии худро дар ихтиёри онҳо мегузорад.

Маълум шуд, ки Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир  талошҳои муштараке бо кишварҳои хориҷӣ, мисли Олмон, Русия, ИМА, Шветсария, Австрия, Дания, Лаҳистон, Маҷористон, Словакия, Қазоқистон ба харҷ медиҳад, то ки  онҳо аз хадамоти инфрасохторҳои майдони ҳавоии он истифода кунанд. Инчунин барои онҳо иҷозаи фуруд ва парвоз аз тариқи ҳарими ҳавоӣ дода мешавад ва онҳо аз кумакҳои фаннӣ ва луҷистикии лозима низ метавонанд фаровон истифода кунанд.

Гуфта мешавад, як қатор корҳо ба фарҷом расонида мешаванд, то ки интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон ба танзим дарояд ва тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони худи Афғонистон, ки тибқи мувофиқаи ҳосилшуда мехоҳанд худро ба кишварҳои дигар расонанд, шароит фароҳам оварда шудааст.

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон гуфтааст, дар чанд рӯзи гузашта  тавассути қаламрави Ӯзбекистон 1982 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Афғонистон берун кашида шудаанд. Ба он шаҳрвандоне, ки бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба кишварашон интиқол меёбанд, бо риояи тадобири қарантинӣ кумакҳои лозима расонида мешаванд ва бидуни мушкилот дар вақти худ ба кишварашон интиқол меёбанд.

Дар изҳороти ВКХ ҶӮ омадааст, ки бо намояндагони Ҷунбиши “Толибон” ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандони Афғонистон, ки дар ин рӯзҳои пурталотум марзи ду кишварро убур кардаанд, гуфтушунид анҷом дода шуд.

Дар натиҷаи мувофиқаи ба дастомада бо мақомоти “Толибон” ҷиҳати даст кашидан аз фишору таҳдид, пайгард ва таҳқири ашхосе, ки ба кишварашон баргаштаанд, 150 нафар шаҳрванди Афғонистон ба кишвари худ баргаштанд.

Бино ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумоте, ки аз ашхоси мунтақилёфта ба кишварашон расидаанд, дар муқобили онҳо намояндагони Толибон баъзе расмиёт анҷом додаанд ва баъдан онҳо ба хонаҳояшон баргаштаанд. Дар айни ҳол ин ашхос дар фазои амну субот ба сар мебаранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь