Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он хонаҳои харобшуда, харобаҳо дар кӯчаҳо ва қурбониёни зилзила дида мешаванд. Сухангӯи мақомоти маҳаллӣ гуфт, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён ҳаст. Маркази заминларза тақрибан 44-километрии шаҳри Хуст дар ҷанубу шарқи Афғонистон воқеъ буд.

Заминларза дар масофаи беш аз 500 километр аз марзи ин кишвар, аз ҷумла дар Покистону Ҳинд эҳсос шудааст. Ба гуфтаи зилзилашиносони амрикоӣ, заминларза дар пойтахти Афғонистону Покистон, Кобул ва Исломобод, низ эҳсос шудааст.

“Мутаассифона, шаби гузашта дар чор ноҳияи вилояти Пактико заминларзаи шадид ба амал омад. Садҳо нафар куштаю ярадор шуданд, даҳҳо хонаи истиқоматӣ вайрон шуданд. Мо аз тамоми ниҳодҳо даъват мекунем, ки фавран ба минтақа кумак фиристанд”,  – гуфт сухангӯи ҳукумати маҳаллӣ Билол Каримӣ.

Ба гуфтаи зилзилашиносони амрикоӣ, заминларзаи 6,1-дараҷаӣ дар чуқурии тақрибан 51 километр субҳи барвақт рух дод, ки аксари одамон ҳанӯз дар хоб буданд.

Баъзе аз расонаҳо шумораи қурбониёни ин заминларзаро наздики 1000 кас навиштаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here