Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ аз убури 77 нафар шаҳрванди давлати Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон хабар дод. Ин ҳодиса дирӯз, 13-уми июл, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, ки аз ин ҳисоб 26 нафар мард, 20 зан ва 31 хурдсол будаанд. “Шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосан сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкур мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти робитаи неки инсондустӣ ба гурезагони иҷбории афғон барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд”.
Ба гуфтаи маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон, гурезагони афғон чорвои хонагиашонро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд ва феълан дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамаоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд.
Манбаъ мегӯяд вазъ дар минтақаи зикршудаи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.