Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда чораҷӯӣ карда шуда, силсилаи корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари ниҳодҳои марбута давоми панҷ моҳи соли 2020 дар вилоят 40 корхонаи нав бо 574 ҷойи корӣ таъсис дода шуданд. Ҳарчанд дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 теъдоди корхонаҳои нав баробар аст, шумораи ҷойҳои нави корӣ зиёдтар аст. Яъне соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 корхонаи нав бо 491 ҷойи корӣ таъсис дода шуда буд.
Корхонаҳои нав асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи расмии корхонаҳои коркард ва банду басти асали филиали ширкати “Хантана Канада инк”, истеҳсоли профилҳои пластикии “Афранг пластик”, коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд агро”, истеҳсоли қубурҳои пластикии “Сифат пласт”, шифер ва қубурҳои азбестии “Воситзода” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ мебахшад.
Тибқи иттилои мавҷуда давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 5,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 769,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 116,1 фоизро ташкил медиҳад. Суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 119,5 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 117,8 фоиз баробар гардид.
Дар ин давра 432,3 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида, содироти бонизоми сементи ватанӣ ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Чунончӣ, тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, давоми моҳҳои январ-май дар маҷмӯъ 219,9 ҳазор тонна семент содирот карда шуд.
Тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфтааст. Дар панҷ моҳи соли равон ба маблағи умумии 83,1 млн доллари ИМА ин маҳсулот содирот шудааст, ки ба 54,6 фоизи тамоми содироти вилоят баробар аст.
Дар “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 783,4 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн сомонӣ зиёд буда, ба 99,9 фоиз баробар аст.
Дар КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 1,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,8 млн сомонӣ зиёд буда, ба 109,9 фоиз баробар аст. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои амалкунанда бошад ба 158,2% расидааст.
Дар КМ “Апрелевка” -и шаҳри Гулистон давоми 5 моҳ ба маблағи умумии 80,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ба 100,0 фоиз баробар буда, бо нархҳои амалкунанда бошад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6,8 млн сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиши он ба 109,1% баробар шудааст.
Дар ин давра дар конҳои ангишти вилоят 525,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ ба маблағи 82,7 млн сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 108,1 фоиз баробар аст.
Корхонаҳои дӯзандагии «Ҷавонӣ» ва «Сатн»-и шаҳри Хуҷанд давоми 5 моҳи соли 2020 ба маблағи 56,4 млн ва 40,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки мутаносибан 252,9 ва 142,8 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, дар ин давра дар вилоят истеҳсоли як қатор маводи муҳофизатӣ ба роҳ монда шуд. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 июн 3,9 млн адад ниқоби тиббӣ, 8534 адад либоси махсуси тиббӣ ва 277,6 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши нишондиҳандаҳо дар корхонаҳои дӯзандагии «Ҷавонӣ» ва «Сатн» аз ҷумла аз ҳисоби истеҳсол ва содироти ниқобҳои муҳофизатӣ таъмин карда шудааст.
Дар ин давра дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ баҳри фаъолияти бомароми корхонаҳои ордбарорӣ, таъминоти корхонаҳо бо асъори хориҷӣ, воридоти гандум ва таъминоти бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар, хусусан шаҳри Душанбе бо орд ва макарони истеҳсоли ватанӣ чораҳои судманд амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа, 215 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,8 ҳазор тонна ё 2,1 маротиба зиёд аст.
Дар корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки вилоят 2841,4 тонна меваи хушк коркард карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1486,2 тонна ё 2,1 маротиба зиёд аст.
Ҳамчунин, дар корхонаҳои консервабарории вилоят 3,3 млн қуттии шартӣ консерваҳои гуногун истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,2 ҳазор қуттии шартӣ кам ва ба 93 фисад баробар аст. Тибқи маълумоти КФ “Идораи хӯроквории вилоят” корхонаҳои консервабарорӣ барои қабули зиёда аз 8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳо шартномаҳоро ба имзо расонидаанд ва аксари корхонаҳо барои қабули ашёи хом омода мебошанд.